Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 524 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки дар донишкаи мазкур 524 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 381 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 133 нафар аз Туркманистон, 4 нафар аз Афғонистон, 3 нафар аз Қирғизистон ва 3 нафар аз Федератсияи Россия мебошанд.
Мавсуф зикр дошт, ки имсол Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро 1052 нафар, аз ҷумла 643 нафар (15 нафар бо дипломи аъло) шуъбаи рӯзона, 351 нафар шуъбаи фосилавӣ (2 нафар бо дипломи аъло) ва зинаи магистратураро 58 нафар (4 нафари он бо дипломи аъло) хатм карданд.
«Соли равон 135 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор сафарбар карда шуданд, ки аз инҳо 45 нафар тариқи квота таҳсил намудаанд»,-иброз намуд Ҷило Гулназарзода.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон иброз намуда буд, ки «эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардидааст, ки аз инҳо ниёз ба омӯзгорони забони англисӣ ва русӣ бештар мебошад».
Ҷило Гулназарзода вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки дар донишкаи мазкур яке аз факултетҳои серталабтарин- ин факултети англисӣ мебошад. Дар факултети филологияи рус низ барои омода намудани мутахассисони забони русӣ тамоми талошҳо ба роҳ монда шудаанд. Нақшаи қабули омӯзгорони забондонро дар донишкада Вазорати маориф ва илми мамлакат муайян менамояд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






