Дар Душанбе мулоқотҳои кории сардори Ситоди муштараки СААД бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд

Июль 8, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқотҳои  кории сардори Ситоди муштараки СААД бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон 7 июл дар Душанбе баргузор шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Созмон хабар додааст.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо гурӯҳи фавриро бо сардории генерал-полковник Анатолий Сидоров бо вазъи кунунии ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-стратегӣ дар минтақа, ки ба шиддат гирифтани муқовимат мусаллаҳона дар ҳудуди Афғонистон ва дар минтақаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон вобаста аст, шинос кард.

Масъалаҳои вобаста ба чораҳои татбиқшаванда ва ба нақша гирифташуда ҷиҳати безарар кардани хавфҳо, чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ муҳокима шуданд. Масоили суръат бахшидан ба чораҳо дар самти омодагии муштараки оперативӣ ва ҷангии идораҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД, инчунин расонидани кумаки ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ гардиданд.

Бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ масъалаҳои ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ бо силоҳ ва техникаи низомӣ, муҳокима карда шуданд.

Дар мулоқоти кории Сардори Ситоди муштараки СААД ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода имконоти вокуниши башардӯстона баррасӣ шуданд. Маҷмӯи чорабиниҳои вобаста ба омодагии пешакӣ ҷиҳати  бакорандозии фаврии неруҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бо сафири Фавқулода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов муҳокима шуд. Сатҳи баланди масъулиятшиносии шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини омодагии неруҳои марзбонӣ, қувваҳои мусаллаҳ, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниш дар ҳолати минбаъд бад шудани вазъ зикр  карда шуд. Инчунин имкониятҳои истифодаи иқтидори кишварҳои узви СААД баррасӣ шуданд.

Ҳадафи асосии гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори Ситоди муштараки СААД мониторинг, таҳлили вазъ дар минтақаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва омода кардани пешниҳодҳо барои чораҳои муштарак дар доираии СААД иборат мебошад.

АКС: СААД

Июль 8, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд