Дар шаҳри Хоруғ корхонаи партовгоҳи сахти маишӣ бунёд мегардад
ХОРУҒ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар километри чоруми самти шимоли шаҳри Хоруғ дар масоҳати 53 ҳазор метри мураббаъ корхонаи партовгоҳи сахти маишӣ бунёд карда мешавад. Сохтмони ин партовгоҳ аввали соли гузашта оғоз ёфта буд, аммо ба иллати хуруҷи бемории Ковид-19 ба таъхир афтод. Аз моҳи апрели имсол корҳои сохтмонӣ дубора шурӯъ шуданд.
Тавре сардори минтақаи сохтмонӣ Мақсуд Мамедов ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, «партовгоҳи сахти маишӣ дур аз маҳали аҳолинишин, дар домани кӯҳ ҷо гирифтааст. Бинобар ин аввалин коре, ки бинокорон бояд ба анҷом расонанд, ин ҳамворкунии замин, сохтмони роҳи мошингард, ҳавзи об, бунёди даромадгоҳ ва панҷара кашидани атрофи маҳали сохтмон мебошад. Ҳамаи ин корҳо дар чанд рӯзи оянда ба итмом мерасанд ва таҳкурсии бинои маъмурӣ, сарои мошину дигар воситаҳои техникӣ ва васлу насби системаи рӯшноӣ гузошта хоҳад шуд. Мутобиқи нақша, пас аз бунёди бинои маъмурӣ атрофи партовгоҳ пурра сабзу хуррам гардонида мешавад».
Корхонаи партовгоҳи сахти маишӣ мутобиқи лоиҳаи мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтори муҳим байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бунёд гардида, бонки мазкур барои татбиқи ин лоиҳа 2 миллиону 37 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Ҳоло дар корхонаи партовгоҳи сахти маишии шаҳр корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 12 техникаву механизмҳои пуриқтидор ва 38 нафар коргарони маҳаллӣ бо маром идома ёфта, қарор аст моҳи ноябри соли равон ба истифода дода шавад.










Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






