Дар шаҳри Кӯлоб машқҳои санҷишии огоҳонӣ баргузор гардиданд

Июль 22, 2021 09:38

КӮЛОБ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои  Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар қисми низомии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки 3400 нафар кормандони соҳаи маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ машқҳои санҷишии огоҳонӣ  баргузор гардиданд.

Дар ин машқҳо ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг низ ширкат варзиданд.  Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар, ватандӯстию  меҳанпарастии  ҷавонон, садоқат ба ватан ва марзу буми хеш  сухан гуфта, иброз дошт, ки  ин ҳама тадбирҳо ба мураккаб  гардидани  вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳо дар сарҳади давлатӣ  нигаронида шуда, ҳадафи  аслии он  ҳимояи марзу буми кишвар ва дар ин замина дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани захираҳои сафарбарӣ ва кулли воситаҳои мавҷуда мебошад.

Мавсуф гуфт, ки «соҳиби марзи муқаддас будан дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои фарҳангӣ-ин ҳама  нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад».

Тавре аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад.

Яъне, сарҳадбонони бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд. Ин қисмати сарҳади давлатии мо беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад. Дар ин росто моро зарур аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда барои омода намудани сарбозон ва дигар кадрҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намоем.

Зеро иқтидори мудофиавӣ ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳо, дар навбати аввал, аз сатҳи касбият, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи кадрҳои низомӣ вобаста мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки «бигзор дар сарзамини   соҳибистиқлоламон  сулҳу  оромӣ  ҳамеша  пойдор  бошад  ва  мо  тамоми  саъю  кӯшиши  худро  ба  он  равона  созем,  ки  сулҳу   суботи  комил  ва  ваҳдати  миллӣ  ба  хотири  ояндаи  неки  кишварамон  устувору  ҷовидон  боқӣ  монад.

Ба ҳамаи шумо — афсарони далеру шуҷоъ, муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамон дар ҳимояи мамлакат барору комёбӣ таманно намуда, дар ҷодаи хизмати бошарафатон — ҳимояи марзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва амнияти сокинони мамлакат  иродаи   матин орзу менамоям”.

Июль 22, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд