Дилмурод Давлатзода: «Лоиҳаи Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа дар баррасӣ қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамкориро бо Федератсияи Россия густариш додааст. Дар ин давра омилҳои баҳсноки лоиҳаи Шартнома байни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа тариқи баргузории муҳокимаҳо дар шакли видеоконфронс бо ҷониби Федератсияи Россия бартараф карда шуданд. Лоиҳаи мазкур дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии мамлакат барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба зикри Дилмурод Давлатзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии нафақагирон 744 ҳазору 785 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22097 нафар ва ё ин ки 3,1 фоиз зиёд мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа- ин рушди низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буда, пайваста дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа бо мақсади такмил додани низоми таъминоти нафақа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»» омода гардиданд. Лоиҳаҳо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод ва 30 июни соли равон дар Маҷлиси Ҳукумат қобили қабул дониста шуданд.
«Ҳоло Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ҳамкории густуртаро бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон байни Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар арафаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома ба имзо расонида шуд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






