Дилмурод Давлатзода: «Лоиҳаи Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа дар баррасӣ қарор дорад»

Июль 21, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамкориро бо Федератсияи Россия густариш додааст. Дар ин давра омилҳои баҳсноки лоиҳаи Шартнома байни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа тариқи баргузории муҳокимаҳо дар шакли видеоконфронс бо ҷониби Федератсияи Россия бартараф карда шуданд. Лоиҳаи мазкур дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии мамлакат барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба зикри Дилмурод Давлатзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии нафақагирон 744 ҳазору 785 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22097 нафар ва ё ин ки 3,1 фоиз зиёд мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа- ин рушди низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буда, пайваста дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа бо мақсади такмил додани низоми таъминоти нафақа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»» омода гардиданд. Лоиҳаҳо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа  шуда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод ва 30 июни соли равон дар Маҷлиси Ҳукумат қобили қабул дониста шуданд.

«Ҳоло Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ҳамкории густуртаро бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон байни Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар арафаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома ба имзо расонида шуд.

Июль 21, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд