Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр намуд. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 129 давлати 5 қитъа 391 варзишгар (199 мард, 192 зан) иштирок мекунанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 нафар зиёд мебошад. Дар асоси низомнома, ки соли 2018 нашр шуд, ба Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи ҷудо бояд 386 нафар (193 мард, 193 зан) интихоб мегардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, миёни 391 нафар иштирокчиён 4 варзишгари тоҷик низ ҳастанд, ки Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов тавассути радабандии олимпии ҷаҳонӣ ва як нафар — Акмал Муродов тариқи радабандии олимпии қоравӣ имкони ширкат дар 32-юм Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро соли 2016 ду ҷудочии тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ширкат намуданд.
Қуръакашии мусобиқаи олимпии ҷудо 23 июл – дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ сурат мегирад. Мусобиқа аз 24 то 31 июл доир мегардад. Ҳар рӯз варзишгарон дар як вазн миёни мардон ва як вазн миёни бонувон гӯштин мегиранд.
Варзишгарони тоҷик аз 26 июл мусобиқаро оғоз мекунанд. Дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ мебарояд. Дар ин дараҷаи вазнӣ иштироки 36 нафар (аз ҳама бештар) дар назар аст. 27 июл Акмал Муродов дар вазни -81кг ҳамроҳи 33 нафари дигар барои медал талош хоҳад кард. Сипас, 28 июл мо шоҳиди ҳунари Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мегардем. Дар ин вазн 33 нафар ширкат мекунанд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг рӯзи 30 июл, ҳамроҳи 21 нафари дигар қувваозмоӣ хоҳад кард.
31 июл рақобатҳои даставии омехта дар назар аст, ки миёни 11 тим сурат мегирад. Ҳар тим аз шаш нафар иборат аст: 3 мард (-73кг, -90кг, +90кг), 3 зан (-57кг, -70кг, +70кг).
Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад, ки дар ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ). Соли гузашта ин Олимпиада ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






