ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тамринҳо шурӯъ намуд

Июль 16, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ҳайати дастаро барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 17 то 21 июл дар  шаҳри Душанбе баргузор мешавад, эълон кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 14 бозингар — 2 дарвозабон ва 12 бозингари майдон даъват карда шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал  дар шаҳри  Душанбе то 21 июл идома хоҳад кард. Субҳи 22 июл ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» ба Бангкок парвоз мекунад. Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи В ҳамроҳ бо дастаҳои  мунтахаби Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи А дастаҳои мунтахаби  Таиланд, Ӯзбакистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Тибқи дастури мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021», аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфта наметавонанд, дар бозиҳои такрорӣ барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»);

Бозингарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммаҷон Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов (ҳама – «Соро компания»), Дилшод Саломов, Рустам Хамидов, Умед Кузиев, Икбор Воситзода (ҳама – «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Июль 16, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад