ФУТЗАЛ. Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» соҳиби мақоми панҷум шуд

Июль 30, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди футзал  дар бозии ниҳоии худ дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар  шаҳри Тайланд бар дастаи  мунтахаби  Мозамбик бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, сазовори мақоми панҷум гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин рақобати ҷолиб голҳои дастаи  мунтахаби Тоҷикистонро Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Умед Кузиев ба нишон расониданд. Дар бозии финалии имрӯза дастаҳои мунтахаби  Тайланд ва Эрон ба ҳам меоянд ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи футзали   Узбекистон бо  дастаи мунтахаби  Миср ба ҳам  рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Бозӣ барои зинаҳои 5-6-

Мозамбик – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри  Бангкок  дар гурӯҳи В  бар дастаи мунтахаби  Литва бо ҳисоби калони  9:2 пирӯз шуда буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 6 гол зад. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба  ҳадаф расонида буданд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Литва – 9:2

Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.

Июль 30, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод