ФУТЗАЛ. Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» соҳиби мақоми панҷум шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди футзал дар бозии ниҳоии худ дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри Тайланд бар дастаи мунтахаби Мозамбик бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, сазовори мақоми панҷум гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин рақобати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Умед Кузиев ба нишон расониданд. Дар бозии финалии имрӯза дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Эрон ба ҳам меоянд ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи футзали Узбекистон бо дастаи мунтахаби Миср ба ҳам рақобат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок
Бозӣ барои зинаҳои 5-6-
Мозамбик – Тоҷикистон – 2:3
Голҳои Тоҷикистон: Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри Бангкок дар гурӯҳи В бар дастаи мунтахаби Литва бо ҳисоби калони 9:2 пирӯз шуда буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 6 гол зад. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба ҳадаф расонида буданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок
Гурӯҳи «В»
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Литва – 9:2
Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






