ФУТЗАЛ. Тоҷикистон дастаи мунтахаби Литваро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар шаҳри Бангкок аввалин ғалаба ба даст овард. Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи В дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар дастаи мунтахаби Литва бо ҳисоби калони 9:2 пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 6 гол зад. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба нишон расониданд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани се хол имкони ба нимфинал баромаданро нигоҳ медорад.
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дастаҳои мунтахаби Эрон ва Миср дар бозии дигари гурӯҳи «В» байни ҳам бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок
Гурӯҳи «В»
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Литва – 9:2
Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.
Акс аз ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






