Корҳои сохтмонии мактаби «Оксфорд» дар Хуҷанд вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад. Айни замон барои муҷаҳҳазсонии 28 синфхонаи мактаб таҷҳизоти зарурӣ аз Германияву Туркия ворид карда шудааст. Ҳоло қариб 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни миллӣ, дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода қарор гирад.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 6 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии мактаби мазкур шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳои муфид дод.
Ёдовар мешавем, ки мактаби мазкур бо саҳми соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи «Оксфорд»-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад.
Дар муассисаи таълимии мактаби «Оксфорд» 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин махзани таълимӣ усули таълими байналмилалӣ ва замонавӣ роҳандозӣ намояд.








Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






