Корҳои сохтмонии мактаби «Оксфорд» дар Хуҷанд вусъат меёбанд

Июль 7, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 07.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад. Айни замон барои муҷаҳҳазсонии 28 синфхонаи мактаб таҷҳизоти зарурӣ аз Германияву  Туркия ворид карда шудааст. Ҳоло қариб 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни миллӣ,  дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода қарор гирад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 6 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни  корҳои сохтмонии мактаби мазкур шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳои муфид  дод.

Ёдовар мешавем, ки мактаби мазкур  бо саҳми соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи «Оксфорд»-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад.

Дар муассисаи таълимии мактаби «Оксфорд» 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин махзани таълимӣ усули таълими байналмилалӣ ва замонавӣ роҳандозӣ намояд.

Июль 7, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад