Мактаби №56-и деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт навсозӣ мешавад

Июль 21, 2021 12:40

ДУШАНБЕ, 21.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сарваки Ҷамоати  деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт  сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №56, ки аз 6 синфхона, утоқи кории  омӯзгорон ва  омӯзиши  компютер, инчунин  майдончаи варзишӣ иборат аст, оғоз мегардад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби ҶДММ  «Ашти Калон» анҷом дода  мешаванд. Айни ҳол дар мавзеи бунёди  бинои мазкур корҳои  ҳамвор кардани қитъаи замин ҷараён  доранд.

Ёдовар мешавем, ки   мактаби  № 56-и деҳаи Сарвак  солҳои 2003 ба тариқи ҳашар сохта  шуда, дар он  16 нафар омӯзгорон ба 105 нафар хонандагон дарс мегӯянд. Имсол синфи 11- и  мактаби мазкурро  9 нафар хонандагон хатм намуданд, ки  8 нафарашон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд.

Деҳаи мазкур  аз 111 хоҷагӣ иборат буда, 625 нафар аҳолиро дар бар мегирад.

Июль 21, 2021 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид