Маркази миллии қонунгузорӣ: 53 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертиза гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соали 2021 53 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани онҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 300 таклифҳои асоснок манзур гардид. Дар ин бора имрӯз, 19 июл директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло дар зимни нишасти матбуотии ба доираи васеи намояндагони ВАО хабар дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ягонакунии истилоҳоти қонунгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Марказ 423 истилоҳоти ҳуқуқӣ коркард гардид, ки дар заминаи он Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ нашр карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ низ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо кормандони Марказ 56 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаҳои ҳуқуқ нашр намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Марказ дар ин давра Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 тафсири қонунҳо ва дигар маводи илмӣ таҳия ва нашр гардид.
Инчунин дар интиҳо таъкид гардид, ки Маркази миллии қонунгузорӣ дар самтҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ низ фаъолияти самарабахш дошта, пайваста баҳри пешбурди фаъолиятҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва рушди қонунгузории кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС аз бойгонӣ








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






