ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 39+41 дараҷа гарм мешавад

Июль 5, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 39+41 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон пешбинӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд