ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад

Июль 22, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва  рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 0+5 ва рӯзона  15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  пешбинӣ шудааст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона  27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда,  борони  кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  21+23  ва рӯзона 36+38  дараҷа гарм мешавад.

Июль 22, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст