ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Июль 21, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва  рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5+10 ва рӯзона  18+23  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24  дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона  27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолаҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  21+23  ва рӯзона 36+38  дараҷа гарм мешавад.

Июль 21, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад