Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба бокс муайян шуданд

Июль 8, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 мусобиқа оид ба бокс баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур  миёни бонувон дар 5 вазн варзишгарони дастаи Хатлон-2 ва  дар 5 вазни дигар намояндагони Душанбе ғолиб шуданд. Миёни мардҳо  дар 6 вазн варзишгарони шаҳри  Душанбе, дар яквазнӣ варзишгарони ВМКБ, Суғд, Хатлон-2 ва ШНТМ пирӯз гардиданд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мавриди зикр аст, ки  мусобиқаи мзкур аз рӯи 20 вазн (10 вазн миёни мардҳо, 10 вазн миёни бонувон) баргузор шуда, дар он 128 нафар (78 мард, 50 зан) дар ҳайати 8 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, ВМКБ ва ШНТМ ширкат карданд. Бо ҳамин, Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-юмин  солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 аз 21 май то 30 июн доир шуда, ба барномаи  он 15 намуди варзиш ворид гардида  буд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба бокс:

Бонувон

-48кг

  1. Ҳусния Холова (Хатлон-2)
  2. Сайёра Бобоева (Душанбе-1)
  3. Зайнура Маҳмудова (Хатлон-1)
  4. Фаризамоҳ Ёқубова(Хатлон-2)

-51кг

  1. Руҳафзо Ҳақназарова(Душанбе-1)
  2. Сумайя Қосимова (Душанбе-2)
  3. Шаҳноза Холова (Хатлон-2)
  4. Марҳамбо Ғафурова (Хатлон-2)

-54кг

  1. Насиба Шарифзода (Хатлон-2)
  2. Нигора Олимова (Душанбе-2)
  3. Муниса Назирмадова (Душанбе-1)
  4. Анварбӣ Исоева (Душанбе-2)

-57кг

  1. Миҷгона Самадова (Душанбе-1)
  2. Зуҳро Менгалиева(Суғд-1)
  3. Фотима Мелибоева (ШНТМ)
  4. Манзура Нозимова (Хатлон-2)

-60кг

  1. Шоира Зулқайнарова(Душанбе-2)
  2. Шаҳло Раҳимова (Душанбе-1)
  3. Сафармоҳ Ғоибова (Хатлон-2)
  4. Мадина Абясова (Хатлон-2)

-64кг

  1. Малика Нозимова (Хатлон-2)
  2. Фаризамоҳ Абдураҳимова (Душанбе-1)
  3. Шукрона Азизуллоева (Душанбе-2)
  4. Ҷавҳарбӣ Ҷалилова (Хатлон-2)

-69кг

  1. Нилуфар Бобоёрова (Душанбе-1)
  2. Мавзуна Ятимова (Хатлон-2)
  3. Меҳрона Мухторова (Хатлон-2)
  4. Шукрона Тоҳирова (Душанбе-2)

-75кг

  1. Меҳриноз Музаффарзода (Хатлон-2)
  2. Таманно Мирзоева (Хатлон-2)
  3. Фарзона Каримова (Душанбе-2)
  4. Фарангис Давронова (Душанбе-1)

-80кг

  1. Мавлуда Одинаева (Душанбе-1)
  2. Гулмоҳ Мирзоева (Хатлон-2)
  3. Маҳбуба Амиршоева (Хатлон-2)
  4. Гуларус Шоева (Душанбе-2)

+80кг

  1. Шаҳноза Давлат (Хатлон-2)
  2. Садоқат Назарова (Хатлон-2)
  3. Фарзона Шоймуродова (Душанбе-1)
  4. Марҷона Қурбон (Душанбе-2)

Мардҳо

-49кг

  1. Ганҷибек Шобдулоев (ВМКБ)
  2. Усмон Мирзоев (Суғд-1)
  3. Амирҷон Азизов (Хатлон-2)
  4. Муҳаммад Абдусамадзода (Суғд-2)

-52кг

  1. Акбаралӣ Абдурҳамонзода (Душанбе-2)
  2. Эмомалӣ Раҳмон (Хатлон-2)
  3. Акмал Вазирбеков (ВМКБ)
  4. Дилшод Оқилов (Суғд-1)

-56кг

  1. Бахтовар Сагизов (Хатлон-2)
  2. Хусравхон Раҳимов (Суғд-1)
  3. Ворис Маҳмудов (Душанбе-2)
  4. Файзмамад Малахбеков (Душанбе-1)

-60кг

  1. Элчибек Ниёзмаммадов (Душанбе-1)
  2. Билол Холов (Хатлон-1)
  3. Сайёд Зоолишоев(ВМКБ)
  4. Меҳроб Ҳомидов (Душанбе-2)

-64кг

  1. Баҳодур Усмонов (Душанбе-1)
  2. Мурид Чоршанбев(ВМКБ)
  3. Муҳиддин Раҳимов (Хатлон-2)
  4. Расул Аҳадов (Душанбе-2)

-69кг

  1. Саидикром Амонов(Душанбе-1)
  2. Шараф Давлатов (Душанбе-2)
  3. Амирҷон Назаров (Хатлон-2)
  4. Усмонҷон Қаюмов (Суғд-1)

 -75кг

  1. Абдумалик Болтаев (ШНТМ)
  2. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (Душанбе-1)
  3. Шоҳрух Нозимов (Хатлон-2)
  4. Шаҳбоз Ҳаиатов(Суғд-1)

-81кг

  1. Некрӯз Салимов (Душанбе-1)
  2. Некрӯз Шарипов (Хатлон-2)
  3. Ҷаҳонгири Бобоҷон (Хатлон-1)
  4. Муҳаммадҷон Ҷалолиддин(Хатлон-2)

-91кг

  1. Парвиз Каримов(Душанбе-1)
  2. Баҳман Расулов(Душанбе-2)
  3. Эҳсон Раҳмонов (Хатлон-1)
  4. Шоҳрух Фарҳод(Хатлон-2)

+91кг

  1. Ҷаҳон Қурбонов(Суғд-1)
  2. Муҳаммад Аброриддинов (Душанбе-1)
  3. Қамар Шарипов (ВМКБ)
  4. Муҳаммадзиё Ҳотамов (Суғд-2)

 

Июль 8, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад