Олимпиадаи Токио-2020 бидуни мухлисон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 Ҳукумати Япония дар шаҳри Токио ҳолати фавқулодда ҷорӣ намуд.
Сарвазири Япония Ёшиҳиде Суга тасмим гирифт, ки шаҳрро аз рӯзи душанбе -12 июл то 22 август зери маҳдудиятҳои шадидтарин нигоҳ дорад. Аз ҷумла Олимпиадаи Токио-2020 низ бидуни мухлисон баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ибтидо, созмондиҳандагони Токио-2020 розӣ буданд, ки Токио ҳангоми аз вазъи фавқулодда берун шудан, ҳадди аққал 10 000 мухлис ё 50 фоизи иқтидори майдонро иҷозат диҳанд.
Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 август баргузор шаванд.
Аз замони сар задани пандемияи COVID-19 дар аввали соли 2020 ин чорумин ҳолати фавқулоддаи Токио хоҳад буд.
«Мо умедворем, ки одамонро дар таътили тобистона, то даме ки ҳама ваксина мегиранд, ҳифз кунем», — гуфтааст вазири эҳёи иқтисодӣ, масъули вокуниши COVID-19 Ясутоши Нишимура.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Япония танҳо 15,2 фоизи аҳолии худро пурра ваксина кардааст.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






