Паҳлавони тоҷик Акмал Муродов бо як пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд

Июль 27, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 27 июл паҳлавони тоҷик Акмал Муродов, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 81кг муаррифӣ мекард, бо як пирӯзӣ ва як бохт ба иштирокаш дар Бозиҳои олимпӣ хотима бахшид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Акмал Муродов дар даври аввал бар варзишгари кишвари Гуам — Ҷоштер Эндрю бо ду «ваза-ари» зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Вале, мутаассифона, дар даври дуюм Акмал аз намояндаи кишвари Гурҷистон Тато Григалашвили шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Ин нахустин иштироки Акмал Муродов дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқа оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 73кг ширкат кард. Сомон дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз паҳлавони  Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020  барои Сомон Маҳмадбеков низ анҷом ёфтанд. Паҳлавонони дигари  тоҷик Комроншоҳ Устопириён пагоҳ дар вазни то 90 кг дар  даври 2 бо  Алекс Клергет  (Фаронса) ва 30 июл Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар даври 1 бо Энди Гранда (Куба) байни ҳам рақобат мекунанд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён доранд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 8 медали тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ пешсаф аст. Дастаи  мизбон – Ҷопон бо 8 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи мунтахаби Чин бо 7 медали тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ, дастаи мунтахаби  олимпии Корея  бо 5 медали тилло, 7 нуқра, 3 биринҷӣ ва дастаи мунтахаби  Британияи Кабир бо 4 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.

 

АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 27, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид