Паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо дар вазни -90кг идома ёфт, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён қувваозмоӣ кард. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хӯрд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ҳамин тариқ, Комроншоҳ Устопириён чорумин варзишгари тоҷик мебошад, ки Бозиҳои олимпии Токиоро ҷамъбаст намуд. Рӯзҳои қаблӣ Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов дар намуди дзюдо иштирокашонро дар чорабинии сатҳи баланди варзишӣ анҷом доданд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо, ки 24 июл оғоз гардида буд, то 31 июл идома меёбад. 30 июл паҳлавони дигари маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегирад.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён доранд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо гирифтани 11 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 10 медали тилло, 10 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи мунтахаби Чин бо 10 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ, дастаи мунтахаби олимпии Корея бо 7 медали тилло, 7 нуқра, 4 биринҷӣ ва дастаи мунтахаби Австралия бо 6 медали тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






