Пагоҳ Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Мақомоти шаҳри Душанбе, ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 08:00 дар толори МД «Тоҷикфилм» баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 09:00 дар Кумитаи мазкур доир мешавад.
Мақомоти шаҳри Душанбе соати 10:00 дар толори Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00 дар Агентии мазкур доир мешавад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотиро соати 15:00 дар ширкати мазкур баргузор менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






