Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-5 август бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
«Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин сафари таърихӣ хоҳад буд», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Иттилоъ дод шуд, ки 28-29 июл дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Туркманистон ҷиҳати татбиқи созишҳое, ки байни роҳбарияти олии ду кишвар соли 2019 дар Ашқобод ҳосил гардида буданд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2021 баҳри пешбурди ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон Харитаи роҳ қабул гардид, ки якчанд чорабиниҳои амали муштаракро дар бар мегирад.








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






