ТАСС: Вячеслав Володин паёми Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон расонид
ДУШАНБЕ, 01.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин субҳи 1 июл дар Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва паёми сарвари Россия Владимир Путинро ба ӯ расонид. Дар ин бора имрӯз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Россия иттилоъ додааст, хабар медиҳад ТАСС.
«Раиси Думаи давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон паёми гарми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро расонид. Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд», — зикр шудааст дар хабар.
Ба гуфтаи Володин, парлумонҳои ҳарду кишвар барои таъминоти қонунии қарорҳои дар сатҳи сарони давлатҳо қабул шуда, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин нақши СААД ва Ассамблеяи Парлумонии (АП) онро дар ҳаллу фасли масъалаҳои амнияти кишварҳои иштирокчӣ, инчунин мушкилоти вобаста ба ташаккули рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористиро дар доираи блоки низомӣ баррасӣ карданд.
Володин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад. Имрӯз ӯ ҷаласаи Шӯрои АП СААД -ро баргузор мекунад, инчунин бо Раиси Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






