Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии «Ҳедая» Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ мулоқот намуд

Июль 14, 2021 09:51

 ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл   Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода бо Раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷаи Шӯрои милии Федералии Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии   «Ҳедая»  Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ  мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни  вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Дар мулоқот  Рамазон Раҳимзода ба Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён  намуда, изҳор дошт, ки
ин равобити дуҷониба  аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.

Дар навбати худ Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ зикр намуд, ки давлати Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки  дар тамоми самтҳо  ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар ривоҷ бахшад.

«Зеро дӯстии  мардуми Тоҷикистон ва кишвари решаи амиқи таърихӣ дошта, ки  ин муносибот  дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид», — афзуд Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ.

Июль 14, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд