Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия

Август 20, 2021 12:40

20.08.2021, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар остонаи ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон қарор дорем, хамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, инчунин, ба муносибати ба истифода додани бинои нави вазорат самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба имкониятҳои молиявӣ ба хотири беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду муосири корӣ барои онҳо мунтазам ҷораҷӯӣ менамояд.

Дар ин раванд, тайи чанд соли охир биноҳои нави замонавӣ барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат садҳо иншооти дигар сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳоло сохтмони биноҳои маъмурӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин, биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Бинои навбунёди Вазорати молия, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз 11 ошёна бо таҳхонаву таваққуфгоҳ, 110 ҳуҷраи муосиру барҳавои корӣ ва маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар ин бино на танҳо кормандони дастгоҳи марказии вазорат, балки муассисаҳои зертобеи он низ ҷойгир карда мешаванд.

Иншооти мазкур бо ҳамаи шароити мусоиди корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин карда шудааст.

Бовар дорам, ки беҳтар шудани шароити корӣ барои кормандони соҳаи молия ба пешбурди босамари сиёсати давлат дар самти буҷету андоз ва баланд гардидани натиҷаи фаъолияти кормандони соҳа мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо ин, итминон дорам, ки роҳбарият ва ҳар як корманди вазорат бо истифода аз имконият ва шароити фароҳамовардашуда вазифаҳои хизматии худро бо виҷдони пок, дарки баланди масъулият ва риояи ҳатмии интизоми давлатӣ иҷро менамоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ Вазорати молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд.

Аз ҷумла қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардиданд.

Дар баробари қабули санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа дар сохтори идораи Вазорати молия Сарраёсати марказии хазинадорӣ, Нозироти давлатии иёргирӣ, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда таъсис дода шуданд.

Бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар низоми идораи молияи кишвар механизми пардохтҳои хазинадории муҷаҳҳаз бо барнома ва таҷҳизоти муосири иттилоотӣ ҷорӣ гардида, бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун ҷузъи таркибии сохтори молиявии мамлакат ташаккул ёфта истодааст.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади татбиқи вазифаҳои молияи давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори идораи давлатӣ чандин сохтору мақомоти нав – Бонки миллии Тоҷикистон (соли 1991), Хадамоти гумрук (соли 1994), Кумитаи андоз (соли 1995), Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ (соли 1998), Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (соли 2007), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (соли 2007) ва Палатаи ҳисоб (соли 2011) таъсис дода шуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми молияи кишвар бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ ислоҳот гузаронида шуд ва Вазорати молия ба ниҳоди калидии пешбарандаи сиёсати буҷету андоз, танзимкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ, хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва рушди бозори коғазҳои қиматнок табдил дода шуд.

Барои амалӣ намудани корҳои зикршуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз, инчунин, тавассути татбиқи барномаҳои дастгирии буҷети давлатӣ беш аз 3,5 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст.

Илова бар ин, ҳоло барои мукаммалгардонии низоми молия, андоз ва гумрук 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Аз ҷумла барои баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ, беҳтар намудани назорат ва ҳисоботдиҳӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ дар идораи молияи давлатӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ, такмили низоми электронии хариди давлатӣ, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии нерӯи инсонӣ татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 224 миллион сомонӣ идома дошта, дар ин самт ҷалби боз 68 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади умумии буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, ба 24,3 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин раванд, сохтори хароҷоти буҷети давлатӣ низ ба куллӣ тағйир ёфта, афзалият, пеш аз ҳама, ба таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маориф, тандурустӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва дигар намудҳои кумакпулӣ ба оилаҳои ниёзманд, инчунин, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини амнияти давлат дода шуд.

Махсус таъкид месозам, ки ҳоло нисфи маблағҳои буҷети давлатӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ хароҷот карда мешавад.

Солҳои охир вазъи ҷаҳони муосир бисёр осебпазиру мураккаб гардида, аз як тараф буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти таъминоти озуқаворӣ, паҳншавии бесобиқаи бемории коронавирус авҷ гирифта, аз тарафи дигар бо дарназардошти инкишофи илму техника ва рушди технологияҳо имкониятҳои нав ба вуҷуд омада истодаанд.

Дар чунин шароит Вазорати молия якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута барои таъмин намудани суботи молиявӣ дар кишвар бояд ислоҳотро дар самти таҳкими идораи молияи давлатӣ, мукаммал гардонидани низом ва инфрасохтори он, ба роҳ мондани фаъолияти шаффофи молиявӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва иҷрои ҳадафмандонаи вазифаҳо аз ҷониби сохторҳои соҳа густариш бахшад.

Дар баробари натиҷаҳои зикршуда, таъкид месозам, ки дар раванди банақшагирии буҷети давлатӣ ва иҷрои он то ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳо вуҷуд доранд.

Дар мулоқоти Роҳбари давлат, ки ду сол қабл (10 майи соли 2019) бо кормандони бахшҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдории кишвар баргузор гардида буд, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буданд.

Ҳарчанд ки солҳои охир дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале якчанд масъала, бахусус, ба эътибор нагирифтани имкониятҳои воқеии соҳаи молия, ба таври пурра истифода нашудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ, васеъ ҷорӣ нагардидани механизми мубодилаи иттилоот байни сохторҳои мутасаддӣ ва норасоиҳо дар ҳамоҳангии фаъолияти онҳо дар раванди банақшагирии дурусти буҷети давлатӣ, иҷрои босифати нақшаи қисми даромади он ва маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Вобаста ба ин, Вазорати молияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар иҷрои саривақтии супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ҷораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таҳия ва ташаккули буҷет, ҷорӣ намудани принсипҳои банақшагирии хароҷот аз рӯи натиҷа, хусусан, буҷетикунонии барномавӣ, таъмин кардани иҷрои нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва роҳандозӣ намудани меъёрҳои ҳисоботи байналмилалии молиявӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вазорати молия, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки раванди ташаккул ва банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ ва муносибатҳои байнибуҷетиро дар асоси принсипҳои иҷрои уҳдадориҳои байниҳамдигарии иштирокунандагони он ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет ва таъмини уҳдадориҳои буҷетӣ тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намояд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ҷиҳати ташаккул додани захираҳои зарурӣ барои пешгирӣ намудани таъсири манфии омилҳои берунӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода механизми нави маблағгузорӣ тавассути Фонди стабилизатсионӣ таҳия ва амалӣ карда шавад.

Афзоиши талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба маблағгузорӣ, аз ҷумла барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва байналмилалии давлат, инчунин, татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат зиёд намудани манбаъҳои иловагии даромад ва мукаммалгардонии қисми хароҷоти буҷетро талаб мекунад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки дар ин самт ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ то ҳанӯз нокифоя буда, аз ҷониби мақомоти масъул ҷиҳати тақвияти корҳо бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Хотиррасон менамоям, ки таъмин намудани рушди бозори коғазҳои қиматнок, хусусан, бозори такрории онҳо ва соҳаи суғурта барои ҷалби воситаҳои озоди молиявии дохиливу хориҷӣ ба сифати сармоя саҳми назаррас гузошта метавонад.

Аммо фаъолияти сохтору мақомоти марбута дар ин самт ҳанӯз нокифоя буда, фаъолгардонии бозори коғазҳои қиматнок дар сатҳи корхонаҳо, муассисаҳо ва ҷамъиятҳои алоҳида тақозо менамояд, ки аз ҷониби Вазорати молия тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати рушди бозори молиявии кишвар ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз механизмҳо ва воситаҳои муосири он, аз ҷумла коғазҳои қиматноки давлативу корпоративӣ чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва маблағҳои имтиёзноки шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ тақвият бахшанд.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки дар раванди таҳияи буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда маблағгузории барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳоро аз рӯи афзалият ва имкониятҳои воқеӣ ба роҳ монад.

Дар ин самт зарур аст, ки ҳамоҳангсозии раванди банақшагирии стратегӣ дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ бо раванди буҷетикунонӣ таъмин карда шавад.

Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар фаъолияти вазорату идораҳо дар самти ҷалб ва истифодаи маблағҳои грантӣ камбудиҳои мушаххас ҷой доранд.

Ҳолатҳое кам нестанд, ки қисми бештари маблағҳои грантии барои татбиқи лоиҳаҳо ҷалбшуда ба пардохти хароҷоти хизматрасонии машваратӣ, сафарҳои хизматӣ ва хароҷоти афзалиятнадошта равона карда мешавад.

Вазорати молияро зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани маблағҳои грантии ба кишвар ҷалбгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд таҳким бахшида, зимни таҳия ва омодасозии лоиҳаи созишномаҳои дахлдори сармоягузорӣ манфиатҳои иқтисоди миллиро қатъиян пайгирӣ намоянд.

Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити кории мақомоти давлатӣ, харидории техникаву таҷҳизот, инчунин, таъмиру азнавсозии инфрасохтори соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимои кишвар аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ вазорату идораҳо вазифадор карда шуда буданд, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба самаранокии тақсимоти маблағҳо аҳаммият дода, на камтар аз 85 фоизи маблағҳоро ба самтҳои зикршуда равона намоянд.

Вале то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нашудани таносуби дурусти тақсимоти маблағҳо ва бештар ба хизматрасониҳои мушовирӣ равона гардидани онҳо ба назар мерасанд.

Аз ҷумла зиёда аз 45 фоизи маблағҳои лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ марҳалаи 2 барои хизматрасонии мушовирӣ равона гардидааст.

Мисоли дигари риоя нашудани таносуби дурусти тақсимоти маблағҳо лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ оид ба амалисозии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 60 фоизи маблағҳои пешбинишуда ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур барои ҷалби мушовирон равона шудааст.

Вобаста ба ин, вазорату идораҳо бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки дар марҳалаи аввали баррасии таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба самаранокии тақсимоти маблағҳо дар доираи таносуби зикршуда ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаҳои мухталиф чораҷӯӣ намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ дар фаъолияти мақомоти молия, андозу гумрук ва омор, мубодилаи электронии маълумот дар байни мақомоти мазкур дар низоми вақти мустақим таъмин карда нашудааст.

Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ бештар аз 8 миллион доллари амрикоӣ ва лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз зиёда аз 16 миллион доллар аз худ шудааст, вале то ҳанӯз зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаьолият дар рақамҳои омории нишондиҳандаҳои иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ва бақияпулиҳои андоз байни Вазорати молия ва Кумитаи андоз тафовут назаррас мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати амалисозии лоиҳаи «Равзанаи ягонаи барасимиятдарори амалиётҳои савдои беруна» маблағи беш аз 9,2 миллион доллари амрикоӣ аз худ шудааст, лекин дар ин самт то ҳол омилҳои инсонӣ бартарият доранд.

Бинобар ин, мақомоти зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин масъалаи мубодилаи маълумотро дар низоми вақти мустақим роҳандозӣ карда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот манзур намоянд.

Масъалаҳои идоракунӣ ва фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки назорати онҳо ба уҳдаи Вазорати молия вогузор шудааст, ташвишовар буда, дар ин хусус аз ҷониби Роҳбари давлат ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуда буданд.

Аммо то ҳол корхонаҳои мазкур бо сабаби зиёд гардидани уҳдадориҳо ва зарари ҷамъшудаи онҳо ҳамчун сарчашмаи хавфи асосии фискалӣ барои давлат боқӣ мемонанд.

Соли 2020 аз 27 корхонаи азим даҳ корхона фаъолияти худро бо зарари молиявӣ ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ ҷамъбаст кардааст.

Илова бар ин, аз ҷониби корхонаҳои мазкур дар ин давра нақшаи андозҳо ба маблағи умумии 600 миллион сомонӣ таъмин нагардид ва чунин вазъ ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид.

Масъалаи гузаштани корхонаҳо ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, гузаронидани аудити ҳатмии ҳарсола ва нашри ҳисоботи молиявии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ҳанӯз ба таври пурра ҳал нашудааст ва аз масъулин андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо менамояд.

Ҳамчунин, зарурат пеш омадааст, ки корхонаҳои давлатии аз фаъолият бозмонда ва фаъолияти ночиздошта тавассути истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои барқарор намудани фаъолияти онҳо ба соҳибкорону сармоягузорон пешниҳод карда шаванд.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи оқилонаи ин механизм сарбории буҷети давлатӣ аз 10 то 20 фоиз коҳиш ёфта, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити кунунӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ дастгирӣ ва тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ дар самти истифодаи иқтидору захираҳои мавҷуда бо роҳи ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои ҳозиразамон муҳим буда, пешбурди сиёсати молиявӣ, хусусан, масъалаҳои андозу буҷет бояд ба ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шавад.

Аз ин рӯ, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти омилҳои таъсиргузор ба раванди пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ зарур шуморида мешавад, ки гузаронидани корҳои назорату санҷиши андозӣ танҳо дар заминаи мавҷудияти далелҳои асоснокшуда ва бо риояи талаботи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ карда шавад.

Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, вобаста ба сода гардонидани раванд ва расмиёти нисбат ба сармоягузорон ва соҳибкорон татбиқ намудани имтиёзҳо, ки аллакай дар аксарияти соҳаҳо самаранокии онҳо мушоҳида шуда истодааст, тадбирҳои амалӣ ба роҳ монда шаванд.

Ин тадбирҳо тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ ва вусъатдиҳии муколамаи давлат бо бахши хусусиро ба таври ҳатмӣ тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба эътибор гиранд.

Дар шароити муосир ҷиҳати ба роҳ мондани идоракунии босамари низоми молияи давлатӣ истифодаи ҳамаҷонибаи барнома ва технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.

Бо ин мақсад дар заминаи рақамикунонии мақомоти молия, андоз, гумрук, омор, Бонки миллӣ ва «Амонатбонк» мубодилаи иттилоот ва амалиёти молиявӣ тавассути шабакаи ягонаи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба пешгирӣ кардани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи молия, бонкҳо ва андозу гумрук равона гардидааст.

Ҳоло маблағгузории электронӣ дар байни 8400 муштарӣ, ки аз низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ истифода мебаранд, мустақиман ба роҳ монда шудааст, ки ҳанӯз кофӣ нест.

То имрӯз мубодилаи маълумот дар байни вазорату идораҳо дар шакли электронӣ васеъ роҳандозӣ нашудааст.

Яъне то ҳол қисми амалиёти молиявӣ ва коргузорӣ бо усулҳои куҳна анҷом дода мешавад, ки ба самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.

Дар аксар мавридҳо маълумоти зарурӣ оид ба воридоти андозҳо, боҷу хироҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо, инчунин, маблағгузории кору хизматрасониҳои иҷрошуда, ки аз буҷети давлатӣ ба субъектҳои хоҷагидор равона шудаанд, ба мақомоти дахлдори назоратӣ дастрас карда намешавад.

Бинобар ин, ҳамасола дар натиҷаи санҷиши мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти азхудкунии маблағҳо, истифодаи мақсадноки онҳо ва ҳисоби дурусту пардохти андозҳо қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда мешаванд.

Дар натиҷаи санҷиши Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳо дар солҳои 2019 – 2020-ум 1,1 миллиард сомонӣ маблағ ҳамчун зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз он ба буҷети давлат 693 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Бо вуҷуди қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии маблағҳои буҷетӣ талаботи дар онҳо пешбинишуда риоя нагардида, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бештар ба таври нақдӣ пардохтани маблағи боҷу хироҷ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳо ҷой доранд, ки боиси ба миён омадани қонуншиканиҳо ва омилҳои коррупсионӣ гардида истодаанд.

Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор ҷиҳати рафъи камбудиҳои зикршуда чораҷӯӣ намуда, дар доираи ҳуҷҷатҳои қабулгардида барои рақамикунонии пурраи низоми молияи кишвар тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳозирини муҳтарам!

Имрӯз дар низоми Вазорати молияи кишвар 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд, ки кофӣ нест.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки то ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Хотирнишон менамоям, ки идоракунии босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмин намудани рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ба роҳбарияти Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти масъул ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки фаъолияти кормандони масъули мақомоти молия дар баъзе ҳолатҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷониби онҳо баъзан содиршавии амалҳои ношоиста, аз ҷумла даст задан ба ҷиноятҳои хислати иқтисодидошта ва кирдорҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд.

Дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молия ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Таъкид месозам, ки зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст.

Ҳолати мазкур аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия шаҳодат медиҳад.

Роҳбарияти Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад.

Зеро иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз мутахассис то роҳбарияти Вазорати молия масъулияти дучандро талаб менамояд.

Дар ин робита, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки кормандони мақомоти молия аз камбудиву мушкилоти зикршуда хулосаҳои зарурӣ бароварда, тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона месозанд ва дар оянда бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми хешро дар рушди давлат ва ободии Ватан мегузоранд.

Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба шумо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятатон дар ҷодаи амалӣ намудани сиёсати молиявии давлату Ҳукумати мамлакат барори кор орзу менамоям.

Саломат бошед!

Август 20, 2021 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд