Аҳмад Масъуд бо роҳбари «Толибон»* гуфтушунид анҷом дод

Август 24, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд бо яке аз намояндагони «Толибон»* Амирхон Муттақӣ вазъияти пуршиддати кишварро баррасӣ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора яке аз мушовирони Масъуд ба агентии иттилоотии русиягии Sputnik хабар додааст. 

Маълум аст, ки суҳбат як рӯз пеш тавассути телефон сурат гирифтааст. Масъуд он лаҳза дар Панҷшер буд ва Амирхон Муттақӣ — дар Кобул.

Гуфта мешавад, ки роҳбари толибон аз роҳбари ҷавони ҷабҳаи муқовимат хост, ки силоҳ ба замин гузорад ва сари мизи музокирот нишинад. Вай гуфт, ки ҷанг бо «Толибон»* беҳуда аст, зеро онҳоро кишварҳои муқтадир дастгирӣ мекунанд ва худи ҳаракат дорои техникаи пешрафтаи замонавӣ мебошад.

Аҳмад Масъуд иброз дошт, ки неруҳои муқовимат низ хуб муҷаҳҳаз шудаанд ва аз ҳама муҳимтар, онҳо «рӯҳияи қавии ҷангӣ доранд».           

«Мо ҷонибдори онем, ки Афғонистон озод, мустақил ва шукуфон боқӣ монад, ки инро тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст овардан мумкин аст. Аммо агар гап сари қудрат ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари падарам ҳастам ва барои ҳифзи кишвар ва мардум тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам»,-гуфт Масъуди хурдӣ.           

Муттақӣ дар навбати худ ҳангоми суҳбат итминон дод, ки ҳеҷ кас ба моликият ва хонаи дар Кобулбудаи роҳбари ҷабҳаи муқовимати  миллии афғонҳо дастдарозӣ намекунад: ҳамаи онҳо комилан ва бе осеб  ба ӯ дода мешаванд.

Дар навбати худ Аҳмад Масъуд равшан баён дошт, ки дар пойтахти Афғонистон моликият надорад.

«Падари ман ҳеҷ сарват надошт. Ман хонае аз бобоям мерос гирифтаам, ки ба тамоми оилаи мо тааллуқ дорад ”, — афзуд  ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар яке аз ноҳияҳои Кобул хонаи бобои Масъуди хурдӣ воқеъ аст, ки то ишғоли шаҳр аз тарафи толибон дафтари сиёсии ӯ маҳсуб мешуд. Падараш, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд солҳои мактабхонияшро дар ин хона гузаронидааст.           

«Мо на барои Панҷшер, балки барои Афғонистони озод, эътиқод ва арзишҳои худ мубориза хоҳем бурд»,- таъкид кард Масъуд.

Мавриди зикр аст, ки толибон барои ишғоли Панҷшер чанд ҳазор сарбозро бо силоҳ, тӯп ва танк фиристодаанд. Амалҳои мазкур бори дуввум дар 30 соли охир рух медиҳанд.

 Бори аввал толибон соли 1996 ба дарвозаи дараи Панҷшер наздик шуда, аз ҷониби неруҳои муқовимат бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди калонӣ мағлуб шуда буданд.

Имрӯз ин ягона вилоят дар Афғонистон аст, ки толибон ишғол накардаанд. Дар ду моҳи охир 33 музофоти дигар пурра ба дасти толибон гузаштанд.                                    

  АКС: © Хадамоти матбуоти Фонди Масъуд

______________________________________________

*Ҳаракати «Толибон» террористӣ эътироф шуда, дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ аст.

Август 24, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд