Агентии содирот: Нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 88,3 фоиз зиёд маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст

Август 2, 2021 14:59

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи 1231,6 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 577,5 миллион доллар ё 88,3 фоиз зиёд мебошад. Аз рӯйи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор тонна ё  9,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 2 август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Мавсуф зикр намуд, ки Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифӣ кардани маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо якчанд намояндагони ширкатҳои дохиливу хориҷӣ вохӯриҳо ташкил намуда, масъалаҳои тақвият бахшидани фаъолият дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои содиротӣ, ташкили марказҳои лигистикиву хариду фурӯши яклухти молҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ба содироти маҳсулот ва барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ масъалаи ташаккули мактаби содиротиро бояд корбарӣ намуд.

Шавкат Бобозода   иброз намуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии содироти сабзавот 84,7 ҳазор тонна, меваи хушк 11,9 ҳазор тонна, меваҷот 7,7 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 2,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2021 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд