Агентии содирот: Нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 88,3 фоиз зиёд маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи 1231,6 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 577,5 миллион доллар ё 88,3 фоиз зиёд мебошад. Аз рӯйи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор тонна ё 9,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 2 август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Мавсуф зикр намуд, ки Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифӣ кардани маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо якчанд намояндагони ширкатҳои дохиливу хориҷӣ вохӯриҳо ташкил намуда, масъалаҳои тақвият бахшидани фаъолият дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои содиротӣ, ташкили марказҳои лигистикиву хариду фурӯши яклухти молҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ба содироти маҳсулот ва барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ масъалаи ташаккули мактаби содиротиро бояд корбарӣ намуд.
Шавкат Бобозода иброз намуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии содироти сабзавот 84,7 ҳазор тонна, меваи хушк 11,9 ҳазор тонна, меваҷот 7,7 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 2,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






