Ҷаласаи махсуси «Омодагии фарогир ва амалӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023» дар шакли видеоконфренсия баргузор гардид

Август 26, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  25 август дар чаҳорчӯби Ҳафтаи ҷаҳонии об-2021 таҳти раисии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва муовини вазири тиҷорати хориҷӣ ва ҳамкории Подшоҳии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден ҷаласаи махсуси «Омодагии фарогир ва амалӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 (Ню-Йорк)» дар шакли видеоконференсия  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ш. Шерализода дар бораи ҳадаф, вазифа ва дигар мавзӯъҳои раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ, таҳияи иқдомҳои муштараки кишварҳои узви СММ ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, масъалаҳои тадорукотии Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» соли 2022 дар Душанбе, ки ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси СММ оид ба бознигарии фарогири Даҳсолаи амал (дар Ню-Йорк, 2023) пешбинӣ шудааст, суханронӣ кард.

Ҷонибҳо аҳамияти раванди омодагии комил ба Конфронси оби СММ дар соли 2023-ро таъкид намуда, идомаи ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби нишастҳои байналмилалии соҳавӣ, ҷаласаҳои СММ, машваратҳои вежаи Гурӯҳи дӯстони об ва дигар абзорҳои ҳамкориро муҳим донистанд.

Миёни иштирокдорони нишасти маҷозӣ дар бораи нақша ва барномаи ҳамкории баъдӣ табодули андеша сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки 21 декабри 2020 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 190 кишвари узви СММ қабул намуд. Мувофиқи қатънома 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд Конфронси оби СММ-2023 баргузор хоҳад шуд.

Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 26, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд