Ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои гуногун пайваста рушд мекунад
ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ин нукта 11 август зимни мулоқоти муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ зикр гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати танурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ғафур Муҳсинзода ба Ҳукумати ИМА барои кумак расонидан дар мубориза бар зидди бемории коронавирус, хусусан тақдими вояҳои ваксинаи “Модерна” аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас меҳмонон аз яхдонҳои махсуси вазорат, ки дар онҳо вояҳои ваксина нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 меҳмонон аз Маркази саломатии №13-и пойтахт боздид намуда, бевосита рафти маъракаи ваксинатсияро мушоҳида карданд.
Тавре табибони марказ иброз намуданд, сокинон бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба марказ ташриф оварда, ваксинаи зидди бемории коронавирус мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 26 июл 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА ҳамчун кумаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми COVAX ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






