Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи табдили МД «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба тасdиб расид
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 августи соли равон дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Тибқи қарори мазкур бо мақсади ташкили низоми таҳлилӣ ва иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва мутобиқ намудани он ба талаботи муосир, инчунин таъмини самаранокӣ дар рушди маорифи пойтахт Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» табдил дода шавад.
Ҳамчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи муқаррарот маблағгузории воҳидҳои кории Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-ро аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда аз 1 январи соли 2022 амалӣ намояд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






