«ЧАШМАИ САРШОРИ ИЛМ АЗ ОСТОНИ МАКТАБ АСТ…». Пагоҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 31.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол ин рӯзи фархунда дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар мамлакат 3911 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 2 108 942 хонанда пайи фаъолият қарор доранд. Имсол тақрибан 240 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд.
Муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Холиқзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2 108 942 нафар хонанда, дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22ҳазору 966 нафар хонанда, дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 93ҳазору 531 нафар донишҷӯ ва дар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 244652 нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода зикр дошт, ки дар шаҳри Душанбе 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 163 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои шакли нав ва махсус), 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 158 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 24 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 253205 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Мавсуф иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар шаҳри Душанбе бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Муассисаҳои нав бо шароити замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд, ки пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул-тарбияи ҷавонони болаёқат, омӯзонидани донишҳои замонавӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо меистад.
Тавре шоир фармудааст:
Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.
Бояд гуфт, ки мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати инсонҳост.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






