COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд

Август 17, 2021 15:25

ТУРСУНЗОДА, 17.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ду марҳилаи ваксинатсияи аҳолӣ ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва  «CoronaVaс» ворид шудаанд. То дирӯз дар 92 нуқтаи эмгузаронӣ зиёда аз 45 ҳазору 483 нафар сокинони шаҳри Турсунзода ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун эм карда шуданд.

Дар ин бора роҳбари маркази саломатии шаҳри Турсунзода  Шарофиддин Рустамов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Турсунзода  маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19 миёни аҳолӣ идома дорад.

Тавре  котиби Ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода Амиршо Қобилов иброз дошт, мутахассисони ҷамоат, табибони марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ҳудуди ҷамоат барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани маъракаи ваксинатсия  сафарбар гардида, миёни мардум нисбат ба фоидаи ваксина ба саломатии инсон ва  пешгирии бемории COVID-19  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Хушбахтона, мардум барои нигоҳдории саломатии худ ва наздиконашон  талош доранд, ки ҳарчи тезтар ваксина гиранд.

Маъракаи ваксинатсия дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон низ бо маром ҷараён дорад. Ба ин шаҳру ноҳия ба қадри зарурӣ вояҳои ваксинаҳои «CoronaVaс» ва «Moderna» ворид шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳия дар ҳайати роҳбарони шуъбаю бахшҳо, нозирони минтақавии милитсия, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил намуда, дар кӯчаву маҳаллаҳои серодам, бозору терминалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Мувофиқи  маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 32 ҳазор нафар ва дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 31 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони аз 18-сола боло бо ваксина фаро гирифта шудаанд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 17, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»