COVID-19. Дар ҷануби Тоҷикистон дар тамоми шуъбаҳои ВКД маъракаи эмкунӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи талаботи зиддиэпидемикӣ ва назорати қатъии он аз ҷониби кормандони шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон маъракаи эмгузаронӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуда, ҳайати шахсӣ ба пуррагӣ аз он гузаштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии То ҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Инчунин, ҳамарӯза кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, бо таъсиси гурӯҳҳо дар терминалҳои мусофиркашонӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, мардумро ба пӯшидани ниқоб, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват менамоянд, зеро таъмини солимӣ кафолати сиҳатии оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон паҳн гардидани бемории сирятии COVID-19 ба аҳолии дунё мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Дар ин асно масъалаи ҳифзи солимии мардум, дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад. Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гузаронидани маъракаҳои эмгузаронӣ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар миқёси ҷумҳуриямон идома доранд.
Бояд донист, ки воя (ваксина) барои гирифтор нашудани беморӣ ва ҷилавгирӣ аз фавт пешбинӣ шуда, баҳри солимии аҳолӣ ва боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доштани муқобилиятнокии бадан бар зидди ин вабои аср, яъне CОVID-19 мебошад.
Аксҳо аз ВКД ҶТ










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






