Дар Душанбе Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ташаббуси раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарияту намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд.
Зикр гардид, ки марказҳои тандурустии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иловатан дорои воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ гардидаанд. Ҳамзамон бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар ҷараёни ҷамъомад ба як гурӯҳ табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






