Дар Душанбе семинар-машварат оид ба баҳодиҳии устувории шаҳр ба офатҳо ва коркарди лоиҳаи Стратегияи устувории пойтахт оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Серена» семинар -машварат оид ба баҳодиҳии устувории шаҳри Душанбе ба офатҳо ва коркарди лоиҳаи Стратегияи устувории шаҳр баргузор гардид, ки то 12 август идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо дафтари минтақавии аврупоии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозони таъйиншуда-Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, инчунин КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Душанбе дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода суханронӣ карда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар ва ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Семинар фарогири ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ, пешгирии афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат буда, вобаста ба масъалаҳои болозикр гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
АКСҲО: МИҲД-и шаҳри Душанбе











Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






