Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» дар Душанбе доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 15 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал— озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳи марти имсол оғоз гардида, дар ду давр- ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардид. Дар даври ниҳоии фестивал беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури мухлисон ва доварон гардонида мешаванд.
Тибқи нақшаи баргузорӣ, 3 август барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ, 4 август- ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт ва Муъминобод, 5 август- ноҳияҳои Хуросон ва Варзоб, 6 август- ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат, 7 август- ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Файзобод, 8 август- ноҳияҳои Ёвон ва Ҷаббор Расулов доир мешаванд.
9 август- шаҳрҳои Панҷакент ва Роғун, 10 август- шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода, 11 август- ноҳияҳои Рӯшон ва Рашт, 12 август- ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ишкошим, 13 август- ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






