Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» дар Душанбе доир мегардад

Август 1, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 15 август  дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивалозмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳи марти имсол оғоз гардида, дар ду давр- ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардид. Дар даври ниҳоии фестивал беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури  мухлисон ва доварон гардонида мешаванд.

Тибқи нақшаи баргузорӣ, 3 август барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ, 4 август- ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт ва Муъминобод, 5 август- ноҳияҳои Хуросон ва Варзоб, 6 август- ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат, 7 август- ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Файзобод, 8 август- ноҳияҳои Ёвон ва Ҷаббор Расулов доир мешаванд.

9 август- шаҳрҳои Панҷакент ва Роғун, 10 август- шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода, 11 август- ноҳияҳои Рӯшон ва Рашт, 12 август- ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ишкошим, 13 август- ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд