Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф»-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» (За инновации в области образования)-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
26 август дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол» баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофоти мазкурро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.
Медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» ба Дилафрӯз Саидӣ аз рӯйи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Россия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуда буд, тақдим гардид. Дилафрӯз Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии донишкада, ки бештарашон дар соҳаи илмҳои техникӣ мебошанд, аз миёни тамоми муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ ғолиби озмун дониста шудааст.
Чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.
Дилафрӯз Саидӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф рисолаи номзадиашро аз рӯи илмҳои техникӣ дар Русия ҳимоя кардааст.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва манбаъҳои боз








Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






