Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил доданд.
Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.
Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад.
Иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.
Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»












31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






