Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар» маҷлиси ҳизбии ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуд

Август 17, 2021 17:22

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилот Саидалӣ Сиддиқ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Абдураҳим Шоҳиён ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳизбии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар оғоз котибот ва рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, доир ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилот С. Сиддиқ шунида шуд.

Раиси ташкилот зимни ироаи ҳисобот ёдовар шуд, ки ҲХДТ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин неруи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад.Чунин ғояро ҳанӯз бисту ҳафт сол пеш Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили ҳизби нав — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта буданд.

Таъкид гардид, ки ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

«ҲХДТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт, — гуфт С. Сиддиқ ва афзуд, ки амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ташкилот дар таблиғу ташвиқи ғояҳо, барнома ва ҳадафҳои ҳизб нақши муҳиму сазовор дорад ва пайваста конфронсу семинарҳо, маҷлисҳо, аксияҳову озмунҳои ҳизбӣ, вохӯриву видеоконфронсҳо бо намояндагони ҳизбҳои дигар давлатҳо ва иштироки ҳайатҳои ҳизбиро дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалиро тавассути сомонаи АМИТ «Ховар» ва Радио «FMХовар» инъикос мекунад.

С. Сиддиқ изҳори итминон намуд, ки ташкилот минбаъд низ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб дар амри навсозии ҷомеа, демократикунонии он ва амалисозии иқдомоти нек ҷиҳати афзун гардонидани дастовардҳои мамлакат ва беҳдошти шароити зиндагии мардум саҳми муносиб мегузорад.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд.

Сипас, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳангоми ибрози андеша доир ба масълаҳои рӯзномаи маҷлис тазаккур дод, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани аҳдофи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра гардонем. «Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ мебошад», — иброз намуд Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.

Дар ин иртибот мавсуф пешниҳод намуд, ки дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади амалӣ намудани андешаҳои болозикр тавассути пешкаши маводу иттилои саҳеҳу боэътимод якҷо саҳм гузорем.

Ҳамчунин доир ба саҳм гузоштан дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.


АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2021 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид