Маркази миллии тестӣ: Имсол шумораи ихтисосҳо дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11 даҳ адад зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии ихтисосҳо тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11 соли равон 752 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 10-то зиёд мебошад.
Дар ин бора директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии ихтисосҳои мазкур 177 адади он аз доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 575 адади дигараш аз доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст. Шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11-ум соли равон пешниҳод гардид, 3809-то буд, ки аз он 1260-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2549-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиянд. Шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосии синфи 9-ум имсол пешниҳод гардид, 87 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8-то зиёд аст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки шумораи умумии муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ соли равон нисбат ба соли гузашта 2-то зиёд гардид. Имсол ба низоми ИМД Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар (ғайридавлатӣ) ва Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара (ғайридавлатӣ) низ дохил гардиданд. Инчунин шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ), ки дар заминаи Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе (ғайридавлатӣ) таъсис дода шудааст, 1-то зиёд шуд.
Хуршед Икромӣ зикр намуд, ки дар ин давра барои иштирок дар ИМД-2021 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 90016 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2020 6912 нафар ё 7,13 фоиз кам аст. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021 номнависшуда ба 11 909 нафар баробар аст, ки ин шумора нисбат ба соли 2020 1892 нафар зиёд мебошад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






