Маркази миллии тестӣ: Имсол шумораи ихтисосҳо дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11 даҳ адад зиёд шуд

Август 3, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии ихтисосҳо  тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11  соли равон 752 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 10-то зиёд мебошад.

Дар ин бора директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аз шумораи умумии ихтисосҳои мазкур 177 адади он аз доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 575 адади дигараш аз доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст. Шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11-ум соли равон пешниҳод гардид, 3809-то буд, ки аз он 1260-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2549-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиянд. Шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосии синфи 9-ум имсол пешниҳод гардид, 87 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта  8-то зиёд аст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки шумораи умумии муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ соли равон нисбат ба соли гузашта 2-то зиёд гардид. Имсол ба низоми ИМД Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар (ғайридавлатӣ) ва Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара (ғайридавлатӣ) низ дохил гардиданд. Инчунин шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ), ки дар заминаи Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе (ғайридавлатӣ) таъсис дода шудааст, 1-то зиёд шуд.

Хуршед Икромӣ зикр намуд, ки дар ин давра барои иштирок дар ИМД-2021 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 90016 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2020 6912 нафар ё 7,13 фоиз кам аст. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021 номнависшуда ба 11 909 нафар баробар аст, ки ин шумора нисбат ба соли 2020 1892 нафар зиёд мебошад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 3, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст