«МО НАМЕБАХШЕМ, ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ!». Байден ба созмондиҳандагони таркишҳо дар Кобул таҳдиди «қасосгирӣ» намуд

Август 27, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден зимни брифинг дар Қасри  Сафед гуфт, ки Вашингтон шахсонеро, ки ба таркишҳои 26 август дар пойтахти Афғонистон рухдода даст доранд, муайян мекунад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РБК. «Мо намебахшем, фаромӯш нахоҳем кард. Мо шуморо таъқиб мекунем  ва маҷбур мекунем, ки ҷуброн кунед»,-гуфт ӯ. Ба гуфтаи Байден, вай ба Пентагон дастур додааст, ки нақшаи интиқом алайҳи ҷангиёни исломиро, ки дар Кобул ҳамлаҳо анҷом додаанд, таҳия кунад.

 Тавре ки сарвари давлат зикр кард, хадамоти иктишофии Амрико чунин меҳисобад, ки таркишҳо дар Кобулро гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ташкил кардааст, ки дар Афғонистон ва Покистон амал мекунад. Байден гуфт: «Гурӯҳе бо номи «ДИИШ дар Хуросон» ҳамлаеро оғоз кард, ки ҷони сарбозони амрикоиро, ки фурудгоҳро посбонӣ мекарданд , гирифт ва чанд тани дигарро сахт маҷрӯҳ кард.»

 Президент таъкид кард, ки «Давлати исломӣ» «пирӯз нахоҳад шуд».

«Мо дар вақт ва маконе, ки интихоб мекунем, дар он лаҳзаи интихобкардаамон бо зӯрӣ ва дақиқӣ вокуниш нишон хоҳем дод. <…> Мо амрикоиҳоро [дар Афғонистон] наҷот хоҳем дод. Мо муттаҳидони афғонамонро берун хоҳем бурд, <…> Амрикоро  наметавон тарсонид»,-гуфт дар хотима Байден.

Рӯзи 26 август дар наздикии фурудгоҳи Кобул ду таркиш ба амал омад. Бино ба иттилои вазорати мудофиаи Амрико, дар ин таркишҳо 13 низомии амрикоӣ кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Афғонистон, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 90 нафар кушта, беш аз 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти таркишҳоро «Давлати исломӣ» (гурӯҳи террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бар уҳда гирифт. Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки яке аз таркишҳо дар дарвозаҳои фурудгоҳ, дуввумӣ — дар назди меҳмонхонаи Baron, ки кормандони низомӣ ва хабарнигорон аз Британия дар он ҷо буданд, ​​ба амал омад. Толибон ин ҳодисаро маҳкум карданд. 15 август «Толибон» (гурӯҳи террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) аз таъсиси назорат дар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд. Толибон қасри президентро дар Кобул ишғол карданд ва сарвари давлат Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард. Афғонистонро  танҳо тавассути фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати артиши СААШ аст, меиавон тарк кард. Онҳо тахлияи хориҷиёнро анҷом медиҳанд. Толибон ҳушдор додаанд, ки тахлия  бояд 31 август ба анҷом расад ва пас аз он фурудгоҳ таҳти назорати онҳо қарор мегирад.

                                                            АКС: AP 2021

Август 27, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд