Намояндаи толибон гуфт, ки ин ҳаракат бо Чин, Русия муносибати хуб ва нияти рушди равобит бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дорад

Август 25, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст (як созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ аст), бо Чин ва Русия муносибатҳои хуб дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 август дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al Mayadeen аз Бейрут намояндаи дафтари сиёсии радикалҳои Қатар Муҳаммад Наим сухан гуфт.

«Чин- барои мо кишвари ҳамсоя аст. Мо бо ӯ муносибати хуб дорем. Ҳамин чиз ба Русия низ дахл дорад»,-гуфт Наим ва илова кард, ки толибон «ҳадафи рушд додани муносибат бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро доранд».

18 август намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя ба хабарнигорон гуфт, ки Москва ба «Толибон» аз рӯи амалҳояш баҳо медиҳад. Тавре ӯ зикр намуд, барои баҳодиҳӣ ба вазъи Афғонистон вақт лозим аст. Дар ҳамин ҳол, Президенти Русия Владимир Путин 20 август таъкид кард, ки ҳоло бисёр муҳим аст ба баромадани террористон аз Афғонистон, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон ва рафтани онҳо ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя роҳ надод.

Дар навбати худ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин 19 август хабар дод, ки Чин бо «Толибон» робита дорад ва роҳбарияти кунунии онро нисбат ба пештара оқилтар мешуморад.

ДАР АКС: Вазири корҳои хориҷии ФР С. Лавров ва намояндагони «Толибан»/Thenational.ae

Август 25, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд