Намояндаи толибон гуфт, ки ин ҳаракат бо Чин, Русия муносибати хуб ва нияти рушди равобит бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дорад
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст (як созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ аст), бо Чин ва Русия муносибатҳои хуб дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 август дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al Mayadeen аз Бейрут намояндаи дафтари сиёсии радикалҳои Қатар Муҳаммад Наим сухан гуфт.
«Чин- барои мо кишвари ҳамсоя аст. Мо бо ӯ муносибати хуб дорем. Ҳамин чиз ба Русия низ дахл дорад»,-гуфт Наим ва илова кард, ки толибон «ҳадафи рушд додани муносибат бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро доранд».
18 август намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя ба хабарнигорон гуфт, ки Москва ба «Толибон» аз рӯи амалҳояш баҳо медиҳад. Тавре ӯ зикр намуд, барои баҳодиҳӣ ба вазъи Афғонистон вақт лозим аст. Дар ҳамин ҳол, Президенти Русия Владимир Путин 20 август таъкид кард, ки ҳоло бисёр муҳим аст ба баромадани террористон аз Афғонистон, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон ва рафтани онҳо ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя роҳ надод.
Дар навбати худ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин 19 август хабар дод, ки Чин бо «Толибон» робита дорад ва роҳбарияти кунунии онро нисбат ба пештара оқилтар мешуморад.
ДАР АКС: Вазири корҳои хориҷии ФР С. Лавров ва намояндагони «Толибан»/Thenational.ae








Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад






