ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Бинобар корҳои таъмирӣ дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Август 5, 2021 13:11

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз соати 22:00-и 5 август то соати 10:00-и 6 август бинобар сабаби амалисозии корҳои таъмирию профилактикӣ фишори об суст гардида, дар кӯчаҳои Ҷомӣ, шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65-и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино интиқоли оби ошомиданӣ номунтазам мегардад.

Бинобар сабаби идома доштани корҳои таъмирӣ ва бунёди роҳ дар кӯчаҳои Қосимов–Фирдавсӣ ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ба масофаи беш аз 400 метр пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз интиқоли об аз соати 22:00-и 5 август то соати 10:00-и 6 август қатъ карда мешавад.

Аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаҳои Фирдавсӣ  — 25/1, 27, 27 /,1,2, 4,5,  — 35, 37, 39, — 29, 29/ 1, 2, 3, -13/1,13/8,13/10, 13/12, -7/1, 9/4, 5,6, -5/2,3,4,5, — 1/1, — 13/18, 20, — 15/1,2,3,4 ва кӯчаи Қосимов, 7/1,2,3,4,5, 5/1, 5/4, 5/5 зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки обро барои як шаб захира намоянд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2021 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд