Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз баҳри Хазар боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбаладии Сарвари кишвари мизбон — Президенти Туркманистон аз имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид ба амал оварданд.
Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳошияи вохӯрӣ баргузор гардидани Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам овард.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






